Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПАЗИРОИИ ГАРМИ МЕҲМОНОНИ БАДАХШОНӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

 

Рӯзи 10.05.2018 сокинону фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин меҳмонони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро, ки бахшида ба Рӯзҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон ташриф оварда буданд, бо як самимияти хос истиқбол намуданд. Истиқболи меҳмонон дар мавзеи Шоҳони Ҷамоати деҳоти Даштиҷум бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ва раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон Ҳабибулло сурат гирифт. Дар ин рӯз хурду калони ноҳия ба пешвози меҳмонон баромада, бо як дилгармиву самимияти беандоза онҳоро хуш омадед менамуданд. Зимни суҳбат бо табақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бараъло аён буд, ки онҳо аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  истиқбол намуда, ин гунна чорабиниҳоро ҳамчун фоли нек баҳри пойдории сулҳу оромӣ ва густариш додани фарҳангҳои ҳар ду минтақа арзёбӣ намуданд. Дар ин чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барои болидарӯии меҳмонон барномаи консертӣ пешкаш намуданд.

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин