Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТОҶИКИСТОН ТАРҲИ МУБОРИЗАИ МУШТАРАК БО ТЕРРОРИЗМРО БА МИЁН МЕГУЗОРАД

 

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” оғоз гардид, ки ду рӯз идома хоҳад кард.

Тавре иттилоъ дода будем, ба манзури иштирок дар ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ беш аз 400 намоянда аз 46 кишвари ҷаҳон, 30 созмони минтақавию байналмилалӣ ва, ҳамчунин, марказҳои илмиву тадқиқотӣ вориди Тоҷикистон шуданд.  Дар рӯзи аввали конфронс, роҳбарон ва намояндагони воломақоми умури хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавии Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Маҷористон, Швейтсария, Баҳрайн, Ҳиндустон, Арманистон, Испания, Олмон, Чехия, Эстония, Канада, Белгия, Словакия, Шведсия, Британияи Кабир, Украина, Корея, Япония, Индонезия, Эрон, Туркия, Афғонистон, Ироқ, Покистон, Қатар, Марокаш, Урдун, Кувайт, Умон, Алҷазоир, Сурия, Либия ва дигар кишварҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳанги кишварҳо дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ табодули назар карданд. Дар доираи барномаи конфронс, нимаи дуюми рӯз чорабинии канории Иттиҳоди Аврупо зери унвони “Назари Иттиҳоди Аврупо ба муқовимат бо ифротгароии хушунатомез дар Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он”, баргузор гардида, таваҷҷуҳи коршиносону таҳлилгаронро ба умдатарин масоили мавриди назар ҷалб намуд. Ҳамчунин, дар чорабинии канории СММ дар мавзӯи «Мусоидати СММ дар пешгирии ифротгароии хушунатомез: таҷрибаи мавҷуда» таҳкими ҳамкориҳои мутақобила оид ба ҷилавгирии амалиётҳои террористии фаромарзӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо барои муқовимат бо терроризм миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.  Тарҳи ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар доираи амалӣ намудани иқдомоти байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба миён омад, баёнгари мавқеи устувор ва иродаи сиёсии Роҳбарияти олии кишвари мо дар амри мубориза бо ин вабои аср аст. Дар ҳоле ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мизбон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон қарор гирифтааст. Дар пасманзари натиҷаҳои конфронс таҳлилгарон ба ин боваранд, ки ҳамоиши мазкур дар фароҳам овардани замина барои муколамаи фарогир ва ҳамкории тарафҳои манфиатдор бо мақсади  табодули таҷриба ва таҳияи амалҳои дақиқ барои фаъолияти  минбаъдаи  муштараку ҳамоҳангшуда дар чорчӯби мубориза ба таҳдиду хатарҳои муосир аҳамияти фавқулода муҳим хоҳад дошт.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,  «Ҷумҳурият»

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин