ХУШХАБАР: ДАР ҲУДУДИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ШАҲРАКИ ҚАДИМАИ АСРИ МИЁНАГИИ ХУТАЛИ ҚАДИМ — ШАҲРИ АНДИЧАРОҒ БОЗЁФТ ГАРДИД

Ҳангоми бақайдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

«Мавзеи марказии ин шаҳрак 14 гектар буда, дар он ҳангоми баргузории як ҳафриёт зиёда аз 100 бозёфтҳои бостоншиносии мероси нумизматикӣ, кулолгарӣ, чубтарошӣ ва оҳангарӣ пайдо карда шуд. Дар ин минтақа осори зиёди хоҷагидорӣ, аз қабили сангҳои осиё -ҳам дастӣ ва ҳам обӣ, ки дар шакли бениҳоят суфта сохта шудаанд, бозёфт шудааст. Инчунин аз ин минтақа сиккаҳо низ пайдо шудааст, ки дар айни замон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор доранд.»,- иттилоъ дод директори Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода.

Шералӣ Хоҷазода афзуд, ки «тибқи сарчашмаҳо, ин шаҳр дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар пойгоҳи кӯҳи Варвалак ё Варвализи қадима, ки дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ аст, ҷойгир шудааст. Дар ин минтақа ҳамчунин маркази таълимӣ ё мадраса низ пайдо гардидааст. Аз он ҷузъҳои ороишӣ ба мисоли кандакорӣ пайдо шудааст. Сарсутунҳое, ки аз ин минтақа пайдо гардидааст, далолат аз он медиҳад, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик дар тамоми минтақаҳои мамлакат ба ҳунарҳои мардумӣ, хусусан кандакорӣ дар чӯбтарошӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамудаанд».

Ба гуфтаи номбурда, аз рӯи андоза сарсутне, ки дар мавзеъи Сариқалъа бозёфт шуд, тахмин меравад, ки тақрибан баландии ин иншоот на камтар аз 6 метр аст. Ин иншоот муҳташаму зебо буда, гувоҳ аз он медиҳад, ки ҳунармандону кандакорони Хутали қадим дар сохтани шаҳрҳо маҳорати баланд доштанд.

Ин сарсутун, аз ҷониби ҳунармандон Хутали қадим хеле зебо ва моҳирона кандакорӣ шуда, дар он навиштаҷот низ ҳаккокӣ гардидааст, ки аз ҷониби таърихнигорон мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Ин хушхабар дар ҳоле аст, ки чанде қабл ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардиданд.

«Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо ёдгориҳои таърихии мамлакат имрӯз аз нав эҳё мегарданд. Маҳз ба хотири бузургдошт, аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва эҳёи ҳисси баланди миллӣ- ватандорӣ нақшаю барномаҳои зиёде тарҳрезӣ мегарданд», — тазаккур дод Шералӣ Хоҷазода.

Ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ки санъати ҳунармандии Хуттали Қадим ҷузъи бевоситаи фарҳанги халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, ин бозёфтҳо далели он ҳастанд, ки ҳунари кандакорӣ дар ин минтақа аз қадим хеле тараққӣ намуда будааст. Ин бозёфтҳо нишони онанд, ки миллати тоҷик аз қадим дорои таърих, фарҳанг ва шаклҳои гуногуни ҳунармандӣ будааст.

Бояд иброз намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад.

 

Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид