Боиси ифтихору сарфарозии мо мардуми сарбаланди тоҷик мебошад, ки имсол 34-умин солгарди ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои оромиву ваҳдат, амну субот, худшиносӣ ва асолату ҳувияти миллии ҳар як сокини сарбаланди Ватан таҷлил мекунем.
Дар воқеъ Истиқлоли давлатӣ, ки миллати мо сиву чор сол пеш ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пуршебу фарози халқи тоҷик мебошад. Зеро андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории худ дар зеҳни миллати мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд. Рӯҳи озодихоҳи гузаштагони мо — тоҷикон кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадорон, зиёиёни огоҳу бедордил ва сарлашкарони меҳанпараст ба хотири истиқлоли Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги оламшумуламон дар тӯли тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст. Бо ҳукми таърих имрӯз мо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро на танҳо мебинем, балки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат — Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори бонуфузи худро касб намуд.
Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ барои мо — тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддас медонем. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои бесобиқаву беназири худ инсон ҳанӯз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯбарӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.
Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Дар миёни давлатҳои гуногуни сайёра мусобиқаи мусаллаҳшавӣ авҷ гирифта истодааст, ки чунин раванд метавонад на танҳо амнияти кишвар ё минтақаҳои алоҳида, балки оромии тамоми инсониятро зери хатари ҷиддӣ гузорад. Рақобати кишварҳои мухталиф барои соҳиб шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, манбаъҳои ашёи хом, захираҳои сӯзишвориву энергетикӣ ва дигар сарватҳои табиӣ вусъати бесобиқа пайдо карда истодааст, ки ин дар навбати худ боиси аз нав тақсимкунии геополитикии ҷаҳон ва шиддат гирифтани ихтилофу зиддият дар байни давлатҳо ва минтақаҳои гуногун мегардад”.
Маврид ба зикр аст, ки мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар натиҷаи истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ ва тундравии худ инсон ба низоми муътадили табиат таъсири манфӣ расонида, боиси сар задани офатҳои экологиву техногенӣ, инчунин тағйирёбии иқлими сайёра, аз ҷумла гармшавии глобалӣ мегардад ва оқибатҳои сангини он ҳар рӯз дар гӯшаҳои гуногуни олам ба мушоҳида мерасанд. Агар ба ин масъала ҷиддӣ нигоҳ кунем, мебинем, ки зиёни садамаву офатҳои экологӣ дар солҳои охир аз зарари моливу ҷонии ҷанги дуюми ҷаҳон бештар шуда истодааст.
Дар ин раванд, вазъи имрӯзаи сайёра моро водор месозад, ки на аз зиддияти мафкураҳо, бархӯрди манфиатҳо ва ихтилофи тамаддунҳо, балки аз робитаҳои дӯстона, ҳамзистии мусолиматомез ва гуфтугӯи тамаддунҳо ҳарф занем. Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркибии тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем.
Пешвои муаззами миллат дар раванди таҳкими сулҳу субот ва давлатсозиву давлатдории навин, баҳрабардорӣ аз арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, таблиғи ҳувияти милливу ифтихори ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ба шоҳроҳи созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ раҳнамоӣ кардан ва сафарбар намудани мардумро воқеан ҳам дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Ба ибораи дигар, ҳифз кардан, омӯхтан ва омӯзонидан, инчунин таблиғи арзишҳо ва анъанаҳои неки таърихиву фарҳангиро ба сатҳи давлатӣ бардошта, мафҳумҳои истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тамомияти арзӣ, ободии Ватан ва созандагӣ на танҳо ҳамчун ғояҳои умумимиллӣ пазируфта шудаанд, балки ба ҳайси қутбнамо дар тафаккури мардумамон ҷой гирифтаанд.
Набояд фаромӯш кард, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо моро мутафаккирони оламшумуламон ҳамеша ба озодандешиву истиқлолият, худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, ҳамкориву ҳамбастагӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ кардаанд ва худшиносиву дарёфти ҳувияти миллӣ омилҳое мебошанд, ки моро беш аз пеш ба ваҳдат ва гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ниёгонамон ҳидоят мекунанд. Ормонҳои волои истиқлол, меҳанпарастиву башардӯстӣ, озодфикриву озодманишӣ, илмомӯзиву маърифатпарварӣ, хайрхоҳиву таҳаммулгароӣ, ваҳдату дӯстӣ, ахлоқи ҳамидаву фазилатҳои неки инсонӣ мероси бегазанди тамоми ниёгони бузурги мост, ки мардуми тоҷик ва аҳли оламро ба сӯи ояндаи нек ва рӯзгори пурсаодат ҳидоят менамояд.
Аз ин лиҳоз, дар ин лаҳзаҳои фархундаву фараҳбахш, бо ифтихору шодмонӣ, баргузории ҷашни 34-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллати тоҷик — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайгиронаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри ободии Ватани барои ҳар яки мо муқаддас Тоҷикистони азиз, дар фазои сулҳу субот, пирӯзию сарбаландӣ, файзу сурури идона ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам ниҳем.
Дилрабо Маҳмашарифзода