Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати бурдани корҳои идеологӣ бо усули «МАҲАЛ БА МАҲАЛ» бо кормандони беморхонаи рақамии Ҷамоати деҳоти Саричашма вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эксремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, оворагардӣ, тақлиди фарҳанги бегона, зиёдарави, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан, тоза нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳо ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.