Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо усули «Мактаб ба мактаб» бо хонандагону омӯзгорон муассисаи таълимии №21-и деҳаи Ҳоҷидараи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

  Дар вохӯрии мазкур мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодру, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, муовини менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Назаров Ҷумъахон

иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯрии мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирӣ онҳо аз шомилшави ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатми будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳ мондани корҳои тозагиву ободонӣ ва риояи маданияти шаҳрнишинӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи нақша дар дигар муассисаҳо низ доир карда мешаванд.