Бо мақсади тақвияти корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар миёни наврасону ҷавонон санаи 18 апрели соли 2025 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳинт вохӯрӣ баргузор гардид.

Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Баҳодур, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Файзуллозода Ҳасан, менеҷери сохтори КАТС-и ноҳия Саидзода Мадисмон ва дигар сохторҳои марбута бо хонандагон, омӯзгорон ва падару модарон мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷинояткорӣ, худкушӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зарурати таҳсили ҳатмӣ дар зинаи сеюми таҳсилот, муҳтавои қонунҳои амалкунанда ва боло бурдани масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд суҳбатҳои судманд баргузор гардид.

Ҳамзамон, аҳамияти тарғиби фарҳанги шаҳрнишинӣ, тозагии муҳити зист ва ҷалби хонандагон ба корҳои созандагиву ободонӣ таъкид карда шуд.