Санаи 17 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳоияи Шамсиддин Шоҳин дар семоҳаи аввали соли 2025 баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директори муассимаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тиббӣ, раисони хоҷагиҳои ҷамоавӣ, имомхатибон ва соҳибкорону фаъолон иштирок доштанд.

Нахуст муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳисобод дод. Қайд карда шуд, ки аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда семоҳаи аввали соли ҷориро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Баъди анҷоми ҳисобот раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия пурсиш ба амал оварда, оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.

Аз ҷумла аз дуруст фаъолият надоштани аксарият корхонаҳои саноатии дар ноҳия фаъолиятдошта изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супориш доданд, ки барои ба таври мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои мазкур, инчунин ташкили корхонаҳои нави саноатии ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, рушди соҳибкории хурду миёна, пайдо намудани манбаҳои нави андозбандӣ чораҳои лозима андешанд. Мавсуф масъулинро барои тезонидани корҳои ободонӣ, таъмини пурраи кишту кори баҳорӣ, истифодаи дурусти маблағҳои буҷетӣ, иҷрои босифати андозҳо, ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ, баланд бардоштани сифати таълим дар мактабҳои миёна, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, пардохти саривақтии нафақа ва дигар масъалаҳои мубрам вазифадор намуданд.