Рӯзи 9 апрели соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади тақвият бахшидани корҳои идеологӣ, аз ҷумла оид ба пешгирӣ намудани шомилшавии қишри ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷинояткорӣ миёни ҷавонону ноболиғон, риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, самаранокии истифодаи шабакаҳои интернетӣ, таҳдиду хатарҳои ташилоту ҳаракатҳои тундгаро ва афкорашон ботил, тарғиби илму донишандӯзӣ, худшиносию худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва дигар масъалаҳои мубрам вохӯрии мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Ҳамидиён Орзу бо роҳбарони сохторҳои идеологии ноҳия баргузор гардид.
Мавсуф қайд намуданд, ки воқеан, дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Дар идома аз дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон ёдовар гардида, афзуд, ки ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор менамояд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, илмӣ ва ахлоқии насли наврас ва ҷавонон, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю воситаҳоро сафарбар намоем.
Дар вохӯрӣ бо сокинон ҳамзамон дар хусуси нақшаи даъват ва сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, омўхтани мактаби далериву мардонагӣ, хизмат ба Ватан-Модар ва шароитҳои таъминотии муҳайёгардида дар қисмҳои низомию ҳарбӣ суханронӣ сурат гирифт.
Дар охир ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои идеологӣ дар сатҳи маҳал, ҷоннок намудани фаъолияти гурӯҳҳои корӣ аз рӯи усули «Деҳа ба деҳа» ва «Мактаб ба мактаб» ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.