Баргузории семинар-машварати аъзои Комиссияи ноҳиявии интихобот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун заминаи муҳими ташаккули давлатдорӣ барои Тоҷикистон марҳилаи нави таърихиро боз намуд. Дар ин росто интихоби роҳи демократии рушд таќозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба мадди назар гирифта шавад. Бо ин маќсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалт гардид. Шаҳрванд ҳамчун субъэкти воқеии таъсиррасон дар раванди интихобот дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои сиёсӣ буда, ҳақ дорад, ки дар фаъолияти давлатдорӣ бавосита ё бевосита саҳми худро гузорад. Интихобот низ ҳамчун рукни асосии давлати демократӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ба сокинони мамлакат ҳуқуқ дод, ки бобати иштирок дар интихобот ва интихоби номзади арзанда дар ҳамаи зинаҳои вакилӣ мавқеи созандаи худро муайян намояд.
Дар зимн, мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибистиқлоли ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бавоситаи вакилони худ амали менамояд. Ҳамчунин тибқи талаботи қисми 2-и ҳамин модда ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ба шумор меравад.
Вобаста ба ин масъала Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ќабул гардид, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо» ба тасвиб расида, рўзи интихобот ба ҳама зинаҳои вакилӣ 2 марти соли 2025 таъйин карда шуд.
Бо маќсади мусоидат ба баргузории интихобот дар рўҳияи баланди сиёсию маънавӣ бо ташаббуси Комиссияи ноҳиявии интихобот дар бораи ташкили ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин семинар-машварати ноҳияви бо иштироки аъзои комиссия таҳти роҳбарии Давлатзода Баҳодур-раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Комиссияи ноҳиявии интихобот тибқи талаботи қонунгузорӣ ҳамчун мақомоти ваколатдор дар баргузории интихобот дар сатҳи лозимӣ дар ҳудуди ноҳия масъулият дошта, дар масъалаи ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои интихобот, муайян сохтани рўйхати аниқи овоздиҳандаҳо дар ҳавзаҳои ва участкаҳои интихоботӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба баргузории интихобот дар якҷоягӣ бо ҳама аъзои комиссия пайваста кўшиш ба харҷ дода истодааст.
Айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 30 ҳавза ва 51 участкаи интихоботии ноҳияви таъсис ёфта, бобати баргузории интихобот ҳамчун чорабини муҳими сиёсӣ дар ноҳия фаъолияти худро ба таври мунтазам ба роҳ монда истодаанд.
Дар семинар-машварат вобаста ба омода намудани участкаҳои интихоботӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагон, омода кардани бино ва қуттиҳои овоздиҳи, ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ тибқи тартиб дар участкаҳои интихоботӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич бо васоити ахбори омма ҷиҳати тарғибу ташвиқи интихобот ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима қарор дода шуданд.