Имрӯз 3-декабри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси ноҳияи Гулзода Зафар Шамсуддин, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва кормандони соҳаи маориф, фарҳанг ва варзиш Шӯрои ноҳиявӣ дар самти омилҳои пешгирӣ аз коррупсия дар ҷомеаи имрӯза баргузор гардид.
Гулзода Зафар Шамсуддин ҷамомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Роҳбари давлат ҷиҳати бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлуб пайваста таъкид намуда, чорабиниҳои тақвиятбахшандаи фаъолияти кулли соҳаҳоро дар самти муқовимат бар коррупсия аз масъалаҳои асосӣ медонад,ки ин бори дигар аз сиёсати оштинопазири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин падидаи номатлуб шаҳодат медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки мо кормандон ва роҳбарони сохторҳои гуногуни ҷомеаро мебояд сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастаҷамъона дастгирӣ намуда, баҳри пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва дигар қонуншиканиҳо мубориза бурда, бо дасту дили пок хизмат карданро вазифаи худ медонем.
Сипас гузориши раиси комиссияи ноҳиявӣ дар самти пешгирии муқовимат бо коррупсия Абдуллозода Ҷалолхон дар бораи рафти амалишавии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар соли 2024 дар ноҳия шунида шуд.
Қайд карда шуд, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳамкории аҳолӣ ва нақши онҳо дар ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайрокуниҳо ва мубориза бо коррупсия вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фаъоли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли -2030 яке аз он ҳуҷҷатҳои муҳимест, ки метавонад дар решакан намудани ин падидаи номатлуб заминаи мусоид гузорад.