1 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз соли 1988 инҷониб ҳамасола доир шуда, мақсад аз он пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ оид ба бемории мазкур мебошад.

Дар робита ба ин, рӯзи 29 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ бо ташаббуси Маркази вируси норасоии масунияти одам дар ноҳия дар кучаву бозор ва муассисаҳои таълимии ноҳия аксияи умуминоҳиявӣ ва виктарина дар мавзӯи “Солимии миллат- боигарии давлат” бахшида ба Рӯзи байнамилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам баргузор карда шуд.