26-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, вазири маориф ва илм ва раиси вилояти Хатлон бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор дода шуд.

Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2022 оғоз гардида, бино дар муҳлати муайяншуда бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои миллӣ сохта шудааст.

Шуъбаи маориф дорои утоқҳои корӣ, толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронида шавад.

Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чароғон ва сабзу хуррам гардонида шуда, ба маркази ноҳия зебоии хос зам мекунад.

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун, аҳли маорифи ин ноҳияи баландкӯҳ имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд.