26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии Маркази ҷавонони ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани ҳуввияти миллии ҷавонон ва дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд сохта шудааст.
Сохтмони бинои Маркази ҷавонон соли 2021 оғоз ёфта, айни замон аллакай корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум 3 утоқи корӣ барои таълимгирандагон ва дар ошёнаи дуюм 2 утоқи корӣ, 2 маркази омӯзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Маблағи сохтмон тибқи лоиҳа 3226000 ҳазор сомониро дар бар гирифта, аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидаст.
Дар рафти сохтмони бино зиёда аз 15 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб карда шуда, то 3800 сомонӣ ба маош таъмин буданд. Бо ба истифода додани бинои мазкур 12 нафар сокинони ноҳия ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити бинои мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷавонон ва масъулонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд.
Ҷавонони ноҳия ба истифода додани ин бинои замонавиро идомаи мантиқии дастгириҳои Ҳукумати мамлакат нисбат ба наврасону ҷавонон арзёбӣ карданд.