ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ БО РОҲПАЙМОӢ

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани ноҳиявӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир гардида, дар он роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона иштирок карда, эҳтироми Парчами давлатиро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Роҳпаймоии идона дар фазои идона, бо шиору парчамҳо дар дасти иштирокчиён доир гардида, онҳо бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён ҳамдигарро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбодӣ мегуфтанд.

Пас аз роҳпаймоии идона дар Қасри фарҳанги ноҳия қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид.

    Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин иштирокдорон ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бо ёдоварӣ аз таърихи қабули Парчами давлатӣ қайд намуд, ки пайдоиши парчам реша дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи давлатдории тоҷикон дошта, достони «Коваи оҳангар»-и Ҳаким Фирдавсӣ оғози парчамдорӣ дар дунёст ва дар осори гузаштаи дури тоҷикон доир ба арҷгузорӣ ба дирафши коваёнӣ ва рангҳои ҳикматбори дирафш суханҳои ҷолиб гуфта шудааст.

Раванди давлатсозии мо маҳз аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳамоиши тантанавӣ бо дастагули суруду таронаҳо ва композитсияи адабии аҳли ҳунари ноҳия, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, фарҳангу тамаддуни ғановатманд ва сарзамини маҳбуб буд, идома ёфт.