Шоми 27 августи соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар боғи Нишони давлатии ноҳия чорабинии фарҳангию фароғатии «Шукуҳи Истиқлол» аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, хадамоти бахши муҳоҷират ва муассисаи давлатии мактаби таълимии калонсолони ноҳия баргузор шуд.

  Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, кормандони касбу кори гуногун ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

  Пеш аз оғоз дар вазъияти тантанавӣ ба 20 нафар шаҳрвандони ноҳия, ки курсҳои кутоҳмуддати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ва муассисаи давлатии мактаби таълими калонсолони ноҳияро хатм намуданд шаҳодатнома тақдим гардид. Сипас иштирокчиён аз дастоварду музаффариятҳои соҳаҳои мазкур, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд.

  Дар анҷоми чорабинӣ ҳунармандони Душанбешаҳр барои фароғату дилхушии сокинони ноҳия суруду таронаҳои дилошӯб сароиданд.