Тавре иттилоъ дорем муддати чанд рӯз буд, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба ҷудо шуда гузашт, ки дар он варзишгари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Шамсов Икром иштирок дошт ва бо гирифтани медали нуқраи Чемпионати мазкур мушарраф гардид.
Ба ин хотир рӯзи 16 августи соли 2024 дар даромадгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин варзишгари ноҳияро масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш ва дӯстону алоқамандони бозиҳои варзиши бо шукӯҳи хос истиқбол намуданд.
Нахуст муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо варзишгари наврас Шамсов Икромро барои комёбии беназир ва баланд бардоштани парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо табрику таҳният намуда, ин дастоварди ӯро дастоварди тамоми сокинони ноҳия номиданд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанд рӯз пеш дар мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи намуди муҳорибаи «Тан ба тан» варзишгари дигари ноҳия Фарҳоди Давлаталӣ бо гииифтани медали нуқра зафар ёфта буд.
Ба ин муносибат шоми 16-уми август ба ин муносибат чорабинии бо шукӯҳи фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он раиси ноҳия иштирок ва суханронӣ намуда, кули сокинони ноҳияро ба ин дастоварди варзишгарони ноҳия табрику шодбош намуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба Шамсов Икром туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.