Санаи 30 июли соли 2024 дар озмоишгоҳи иноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии назди шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯри раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин бо иштирокунандагони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни суҳбат ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро бо ғолибият дар даври дуюм ва иштирокашон дар даври вилоятиии озмун муборакбод намуда, иброз дошт, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерўи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ бо пешниҳод ва сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷўён ва ходимони илм, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар маъруфият пайдо кардааст.
Бо итминон метавон гуфт, ки инъикоси чунин озмунҳо барои баланд бардоштани завқи китобхонии мардум, бавижа насли наврас, такони ҷиддӣ бахшиданд. Гузашта аз ин, озмуни мазкур барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мусоидат намуд. Ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳавасмандгардонии иштирокчиён ва ғолибони озмун, истиқболи гарми онҳо дар шаҳру навоҳии кишвар, баргузории вохӯриҳои самимӣ ва тақдими гулу туҳфаҳои хотиравӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Дар фарҷом раиси ноҳия Гулзода Зафар қайд намудаанд, ки мо мутмаинем Шумо иштирокчиёни азиз дар даври сеюми ин озмун иштирок намуда бо нишон додани донишҳои худ соҳиби ҷойҳои намоён гардида бо сари баланд ба ноҳия бармегардед.