Рӯзи 17 июли соли 2024 таҳти раёсати муовини соҳавии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҷумъазода Шифо фаъолияти соҳаи соҳаи тандурустии ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди натиҷагирӣ қарор дода шуд.
Муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо аз фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии ноҳия ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки маҳз дар доираи сиёсат ва таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳия вазъи фелии кормандони соҳа рӯз аз рӯз беҳтар гардида, шароити мусоиди корӣ ҷиҳати хизматрасонии босифати тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Сипас сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Хоҷаев Ҳукмуддин, менеҷери кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Саидзода Мадисмон, директори маркази санитарию эпидемиологии ноҳия Қурбонов Абдубашир ва директори маркази вируси норасоии масунияти одам дар ноҳия Худойбахшов Шамсуддин аз фаъолияти нимсолаи кори худ ҳисобот доданд.
Зимни баррасии масъалаҳо муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо камбудиву мушкилотҳои соҳаро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.