Вохӯри бо сарбозон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва дар доираи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо гуруҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси ноҳия аз шарту шароит ва ҳолати буду боши афсарону сарбозони қисми низомии 0308- Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ш. Шоҳин дидан намуданад.
Дар идома ҳозирин бо сарбозон сӯҳбат ороста бобати дӯст доштани Ватан, пос доштани арзишҳои миллӣ, садоқат ба Ватан ва садоқат ба Пешвои миллат, худшиносии худогоҳӣ ва инчунин иҷрои рисолати ҷавонмардӣ, яъне хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъулин ба сарбозону афсарон дар иҷрои рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи конситутсиониашон барору муваффақият таманно намуданд.
Дар анҷом ба масъулини қисми низомӣ ҷиҳати машғул гардида ба футбол волейбол тубҳо туҳфа карда шуд.