АХБОР

Таҷлили 30–юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатиии амнияти милллии ҶТ дар н. Ш. Шоҳин

Таҷлили 30–юмин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатиии амнияти милллии ҶТ дар н. Ш. Шоҳин

Имрӯз 28 майи соли 2024 бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бахшида 30-юмин солгарди таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи фархундаи сарҳадбонони тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин зимни сухани табрикотӣ афсарону сарбозонро ба муносибати 30 –умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатиии амнияти милллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, зикр доштанд, ки ҳимояи марзи давлатӣ дар қатори арзишҳои муқаддаси давлатию миллӣ- забон, таърих, фарҳанг ва дигар дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварамон яке аз вазифаҳои аввлиндараҷаи ҳар як сокини кишвар, бахусус хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд карда шуд, ки дар тӯли 30 сол ин ниҳод, бо хизмати содиқонаи худ ба Ватану миллат ва Роҳбари Олии мамлакат исбот намуд, ки дар радифи дигар сохторҳои низоми мудофиавӣ ва амниятию низомии давлат, сипари боэътимоди на танҳо ҳифзи марзу бум, балки муҳофизи суботи ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Дар муддати начандон тулонӣ аз ҷониби Роҳбарияти Олии давлат, алалхусус, дар асоси дастуру ҳидоятҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, , Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зина ба зина таҳкурсии моддӣ, таҷҳизотӣ, кадрӣ ва иқтидори ҳарбию малакаи ҷангии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро таҳкиму баланд намуда истодааст.

Баъд аз баромад ва суханронии раиси ноҳия, бархе аз афсарону сарбозон ва собиқадорони соҳа ба сухан баромада роҷеъ ба хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афсарону сарбозони Қушунҳои сарҳадии кишвар изҳори андеша намуданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ як қатор афсарону сарбозон бо медали ҷашни 30- солагии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз раиси ноҳия ва ҳайати меҳмонон дар маросими савгандёдкунии наваскарон иштирок намуданд.
Барномаи фарҳангии аҳли ҳунари ноҳия анҷомбахши чорабинӣ гардид.
Барои сарбозон дар Рӯзи сарҳадбонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастархони идона ташкил карда шуд.