АХБОР

МАВСИМИ САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

МАВСИМИ САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, 10-уми феврал бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Носиров Бобои Ҷамоати деҳоти Саричашма бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ корҳои сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид.
Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Аз ин рӯ, тибқи нақша дар дигар минтақаҳои ноҳия чунин корҳои сабзгардонӣ ба роҳ монда мешавад