Дар шароити муосири инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳое пайдо мешаванд, ки ҳамчун монеаи рушди минбаъда баромад менамоянд. Аз ин рӯ, зарурати баррасии илмии чунин падидаҳо ба миён меояд, ки сабабҳо ва омилҳои онро муайян кунанд, роҳу воситаҳои маҳдуд ё бартараф намудани чунин падидаҳои номатлубро ошкор намоянд. Зеро, сатҳи инкишофи минбаъдаи ҷомеа, маҳз аз маҳдуд ё бартараф намудани чунин падидаҳои номатлуб вобаста аст.
Яке аз чунин падидаҳои номатлуб, ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад, ки дар шароити имрӯза бо суръати баланд дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳони муосир паҳн шуда истодааст. Таҳлили сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки солҳои охир, миқдори зиёди таҳқиқотҳо маҳз ба ин масъала бахшида шудаанд.
Дар доираи таҳқиқотҳои илмӣ навъҳои гуногуни ифротгароӣ — ифротгароии сиёсӣ, ифротгароии сиёсиву динӣ, ифротгароии динӣ ҷудо карда мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе ҳолатҳо фарқияти ҷиддие дар байни навъҳои мухталифи ифротгароӣ гузошта намешавад, ки албатта, дарки умумии илмии он мушкилотро пеш меорад.
Дар баъзе ҳолатҳо, баҳогузории ифротгароӣ ба тариқи умумӣ амалӣ мегардад, ки дарки пурра ва ҳаматарафаи онро мураккаб мегардонад. Ба ақидаи мо, аз рӯйи мазмуну мундариҷа, аз рӯйи мақсад ва шаклҳои зуҳурот, навъҳои ифротгароӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Ба инобат гирифтани чунин фарқиятҳо ба дарки ҳаматарафаи моҳият ва хусусиятҳои ҳар як навъи алоҳидаи ифротгароӣ мусоидат менамояд.
Яке аз навъҳои ифротгароӣ – ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Масъалаи асосӣ, муайян намудани сарҳадоти ифротгароии динӣ ба ҳисоб меравад. Қайд намудан зарур аст, ки дар шароити имрӯза, муҳаққиқони мухталиф, унсурҳо ва хусусиятҳои алоҳидаи ифротгароии диниро муайян намудаанд. Маҳз дар асоси чунин унсурҳо, доираи амал намудани ифротгароии динӣ, мазмуну мундариҷа ва хусусиятҳои хосси он ошкор карда мешаванд.
Мувофиқи ақидаи И.П. Давидов, ба ифротгароӣ ҷиҳатҳои зерин хусусиятҳои динӣ мебахшанд:
— шуури динии ҷамъиятӣ, агар ба он аломатҳои тоталитаризатсия ва
гиперболизатсияи арзишҳои муайяни мухолифати ѓояҳои динӣ бар зарари ѓояҳои дигари динӣ ва дунявӣ хос бошад. Дар чунин ҳолат оид ба «нигилизм» (инкори маслаку мафкура, ҳулқу одоб ва сохти маъмули ҷамъият) ва «фанатизм» (таассубот) сухан меравад;
— идеологияи динӣ, ки худсарона «ҳақиқати мутлақ»-ро эълон менамояд, аҳамият ва мавқеи назароти дигарро рад менамояд ё нисбати онҳо беэътиноӣ зоҳир мекунад. Қайднамудан зарур аст, ки дар чунин ҳолат арзиш ва анъанаҳои «мусбии» худ, аз арзиш ва анъанаҳои «манфӣ» ҷудо карда мешаванд;
— фаъолияти динӣ, ки ба татбиқ намудани унсурҳои асосии дар идеология баёншуда равона карда шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар чунин ҳолат методҳои мухталифи ҷисмонӣ ва зӯроварии психологӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд;
— фаъолияти созмонҳои динӣ, ки аз тибқи муқаррароти асноди ҳуқуқӣ, «созмонҳои ифротгароӣ» шуморида мешаванд.
Ҳамин тариқ, қайд намудан зарур аст, ки дар ифротгароии динӣ, нақш ва мақоми шуури ҷамъиятии динӣ, идеологияи динӣ, фаъолияти динӣ, созмону ташкилотҳои динӣ, ки бо мақсади муайян тасниф карда мешаванд, бузург аст. Чунин таснифот, албатта, дорои заминаҳои муайян мебошад. Метавон сабабҳо ва омилҳои асосии рушди ифротгароии диниро ҳамчун заминаи асосии чунин таснифот баррасӣ намуд.
Дар шароити имрӯза, масъалаи муайян намудани сабабҳо ва омилҳои ифротгароии динӣ, ба яке аз масъалаҳои муҳим мубаддал гардидааст, ки муаллифони зиёд ба он рӯй овардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар таҳқиқотҳо маҷмӯи муайяни омилҳо васабабҳои ифротгароии динӣ пешниҳод карда шудаанд.
Сабабҳои ифротгароии динӣ дар ҷомеаро ба таври умумӣ, метавон чунин арзёбӣ намуд: буҳронҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, шакл дигаркунии сохторҳои давлатӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии қисми зиёди аҳолӣ, саркӯб гардидани дигарандешӣ ва оппозитсия аз тарафи ҳокимият, ҷабру зулми миллӣ, такаббур ва ҳавобаландии сарварони ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои динӣ, ки кӯшиш менамоянд ба амалӣ намудани вазифҳои пешниҳодшуда суръат бахшанд, фаъолияти мубаллиѓони хориҷӣ, ки ба барангезиши мухолифатҳои мазҳабӣ равона гардидааст.
Дар омӯзиш ва баррасии инкишофи тасаввурот ва амалҳои ифротгароӣ И.Н.
яблоков пешниҳод менамояд, ки ҷудо намудани сабабҳо ва омилҳои он дар чунин асос мақсаднок аст: сабабҳои иқтисодӣ, сабабҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, сабабҳои оилавӣ, сабабҳои этикӣ ва маънавӣ, ки ифротгароиро муайян менамоянд.
Қайд намудан зарур аст, ки чунин муайян намудани сабабҳо ва омилҳои асосии ифротгароӣ мувофиқи мақсад аст. Баррасии мушаххаси ин сабабҳо ба муайян намудани мазмуну мундариҷаи ифротгароии динӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи сабабҳои иқтисодӣ, метавон нобаробарии молумулкиро махсусан қайднамуд, ки ба қонеъ набудани қишрҳои бенаво ва бенасиб мусоидат менамояд. Дар чунин ҳолат, ин қишрҳои аҳолӣ, ба сиёсат ворид гардида, роҳу воситаҳои ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ менамоянд. Дар ҳолати тариқи осоишта ва қонунӣ ҳал нагардидани масъала, чунин қишрҳо ба методу воситаҳои иртиҷоӣ рӯй меоранд, ки ба инкишофи навъҳои гуногуни ифротгароӣ, аз он ҷумла, ифротгароии динӣ мусоидат менамояд.
Дар ин самт метавон нобаробарии рушди иқтисодиро дар минтақаҳои мухталифи кишвари алоҳида махсусан қайд намуд. Дар натиҷа, як қатор минтақаҳо дар рушди саноат ҷаҳиши сифатиро амалӣ намуда, дар иқтисодиёт ва сатҳи ҳаёти аҳолӣ пешсаф мешаванд ва арзишҳои патернализмро ташвиқу тарѓиб менамоянд. Минтақаҳои дигар бошанд, бидуни имкониятҳои инкишоф, дастгириҳои моливӣ ва кумакҳои давлатӣ, дорои сатҳи пасти зиндагӣ мегарданд. Маҳз дар асоси ин нишондиҳанда, ифротгароии динӣ дар минтақаҳои дар сатҳи пасти иқтисодӣ қарордошта, бештар мушоҳида гардида, босуръат рушд менамояд. Қайд намудан зарур аст, ки ба инкишофи ин самт глобализатсияи объективии иқтисодӣ бо даъвои ширкатҳои фаромиллӣ ба ҳукмронии мутлақ, мусоидат менамояд.Ширкатҳои фаромиллӣ фаъолияти худро дар кишварҳои алоҳида паҳн намуда, фарқияти байни рушди иқтисодии минтақаҳои дохили давлатиро боз ҳам зиёдтар менамоянд. Қайд намудан зарур аст, ки сабабҳои сиёсиву ҳуқуқии ифротгароии динӣ ҷиҳатҳои зеринро фарогир аст:
— ѓасби фаъоли иҷтимоии давлат ва ҳуқуқ, яъне, кӯшиши ворид гардидан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва зери шиорҳои танзим ва пешравиҳо ба худ тобеъ намудани инсоҳаҳо. Дар чунин ҳолат, албатта, доираи фаъолият ва ташаббускориҳо аз ҷониби оммаи мардум маҳдуд карда мешавад;
— мавҷудияти методҳо ва воситаҳои маҷбурнамоии давлатӣ ва ҳуқуқӣ, ки на ҳамеша дар сатҳи баробари адолатнокӣ нисбати тамоми категорияҳои ҳуқуқвайронкунандагон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Аз тарафи дигар, истифодаи метод ва воситаҳои маҷбурнамоӣ ва зӯроварӣ нисбати фаъолияти ифротгароӣ боиси зиёд гардидани чунин фаъолият мегардад. Яъне, методҳои маҷбурнамоӣ ва зӯроварӣ ҳамчун омили рушди минбаъдаи ифротгароии динӣ баромад менамоянд;
— дур гардидани қисми зиёди аҳолӣ аз иштироки бевоситаи амалӣ намудани
вазифаҳои давлат ва идора намудани захираҳои моддӣ, ки дар ихтиёри давлат ё созмону
ташкилотҳои алоҳида қарор доранд. Қайд намудан зарур аст, ки чунин дуршавӣ боиси нобоварӣ ба ояндаи дурахшон мегардад, аз ин рӯ оммаи мардум, кӯшиш менамоянд, ки бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун вазъиятро таѓйир диҳанд;
— ворид гардидани давлат ба созмонҳои байнидавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҳарбиву сиёсӣ танҳо бо мақсадҳои прагматикӣ, ки дар чунин ҷой гирифтанҳо алоқаи фарҳангӣ ва маънавии аҳолии давлатҳои муттаҳидшаванда ба инобат гирифта намешавад.
Қайд намудан зарур аст, ки ифротгароии динӣ масъалаи нозук ва мураккаб ба ҳисоб меравад. Истифодаи методҳои маҷбурнамоӣ ва зӯроварӣ, ҳатто дар доираи қонунҳои амалкунанда, боиси рушд кардани он мегардад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар мубориза бо ифротгароии динӣ, ба сабабҳои сиёсиву ҳуқуқии он диққати махсус равона карда шавад.
Солҳои охир рушди ифротгароии динӣ нишон медиҳад, ки сабабҳои оилавӣ низ дар
инкишофи он мавқеи муҳимро ишѓол менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба
омилҳои оилавии рушди ифротгароӣ, метавон ҷиҳатҳои зеринро ворид намуд: мувофиқ наомадани қисме аз арзишҳои оилавӣ, миллӣ ва умумиинсонӣ бо маҷбуран ба роҳ мондани унсурҳои патриархалӣ; вобастагии молумулкӣ аз аъзоёни калонсоли оила; кӯшиши назорати пурра ва ҳаматарафа аз ҷониби волидайн; ноустувории алоқаҳои оилавӣ, ки ҷавононро маҷбур месозанд, ки доимо дар ҷустуҷӯи заминаи боэътимоди ҳаётӣ бошанд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар ҳар як соҳаи нишондодашуда омилҳои ифротгароии динӣ гуногун мебошанд. Дар соҳаи хоҷагидорӣ ин маҳдуднамоии талаботҳои иқтисодии диндорони қаторӣ ва ҷамъ гардидани сармояи молиявӣ дар дасти сарварони харизматикии динӣ ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба ташаккули олигархияи динӣ оварда расонад. Албатта, маҳдуд намудани талаботҳои иқтисодии диндорони қаторӣ, то андозае ба дур гардидани онҳо аз дини расмӣ боис мегардад.
Дар сиёсат ва ҳуқуқ, ин бенатиҷа будани методҳои ҳуқуқии таъмини ягонаи меъёрҳои динӣ ва дунявӣ ба ҳисоб меравад. Дар чунин ҳолат рақобат ва мухолифати меъёрҳои динӣ ва дунявӣ дар назар дошта шудааст. Албатта, чунин ҳолат мушкилоти зиёдеро ба миён меорад, аз ин хотир диққати махсусро талаб менамояд. Илова бар ин, бюрократизатсияи институтҳои динӣ, боиси дур гардидани диндорони қаторӣ аз дини расмӣ мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарияти ҳолатҳо, гузариши объективии дини расмӣ ба ҳамкорӣ бо дастгоҳи давлатӣ бо мақсади истисмори фоиданоки талаботҳои динии аҳолӣ боиси рушд намудани ифротгароии динӣ мегардад. Чунин ҳолат, пеш аз ҳама, дар ҳолати дастгирии сиёсати давлатӣ аз тарафи дини расмӣ бештар мушоҳида карда мешавад.
Дар соҳаи муносибатҳои оилавӣ, метавон нотавонии объективии сардори оиларо нисбати таъмини баробари сарварии расмӣ ва маънавӣ дар тамоми ҳолатҳо ҳамчун омили муҳим баррасӣ намуд.
Ҳамин тариқ, ифротгароии динӣ дар заминаи сабабҳо ва омилҳои мухталиф пайдо мешавад. Дар мубориза бо ифротгароии динӣ ба инобат гирифтани ин сабабҳо ва омилҳо дорои аҳамияти бузург аст.
Раҳимов С
