ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ

 Имрӯз 8 сентябри соли 2025 дар маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар варзишгоҳи «Бахтиёри Шамс» бо иштироки намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, директори генерали ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» Шарифзода Шуҳрат Ҷурабоевич, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин ва дигар шахсони расмӣ ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантани фарҳангӣ баргузор гардид.

 Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, ки аз тарафи аҳли заҳмати ноҳия ба марази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.

   Раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин зимни ироаи сухани шодбошии худ Истиқлолро дастоварди арзишманди таърихӣ, саодати ҷовидона, тантанаи бошукӯҳу муассир ва нишонаи пойдории миллат номид.

Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Истиқлоли давлатии кишварро чун нишонаи қадршиносиву арҷгузорӣ ба ин санаи тақдирсози миллӣ дар фазои идона таҷлил менамоянд ва шукрона мекунанд, ки давлати соҳибистиқлолу Ватани соҳибихтиёр доранд.

   Таъкид карда шуд, ки маҳз сиёсати бобарор ва натиҷаҳои устувори мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 34 соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд.

Зикр ёфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ғанӣ гардонидани дастурхони мардум бо маводи босифати ғизоӣ, рушди босуботи соҳаи саноат, бунёди инфрасохтори соҳаи иҷтимоӣ ва таҳкими фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захира ва имкониятҳои мавҷударо босамар истифода менамояд.

Намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, директори генералии ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» Шарифзода Шуҳрат Ҷурабоевич иштирокдорони ҳамоиш ва кулли сокинони ноҳияро ба ҷашни фархундаи 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, ба ҳамаи онҳо хонаи обод, саодати рӯзгор, сулҳу оромӣ, ки асоси хушбахтии халқамон ва ободиву сарсабзии Ватани маҳбубамон мебошад, инчунин, комёбиву барори кор орзу намуд.

     Ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ директори муассисаи таълимии рақами 22-и ноҳия Қурбонзода Малика Давлат, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Медали хизмати шоиста» ва собиқ мудири бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дастгоҳи раиси ноҳия Ҳабибзода Искандар Ҳабиб, ки бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд, супорида шуд.

    Дар ин баробар аз тарафи маъмурияти ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин як қатор собиқадорон, фаъолон ва соҳибкорони ватанӣ бо Сипоснома ва таҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 Дар охир барномаи таҳия намудаи аҳли фарҳангӣ ноҳия ба чорабинӣ таровати дигарро ба худ зам намуд.