Имрӯз, 12 июл, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи аксияи вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умуминоҳиявӣ баргузор гардид.
Мақсад аз чорабинии мазкур баланд бардоштани маърифати экологӣ, беҳдошти муҳити иҷтимоӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ дар ҷомеа арзёбӣ мешавад. Дар доираи ин иқдом корҳои зиёде анҷом дода шуда, кӯчаҳо, ҷӯйборҳо, гулгаштҳо, майдонҳо, ҷамъоварии алафҳои бегона ва партовҳо дар атрофи муассисаҳои давлатӣ, роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои ҷамиятӣ поккорӣ гардиданд.
Дар ин маъракаи муҳими кормандони идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ҳамчунин садҳо сокинони маҳаллӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолона иштирок карданд.