Рӯзи 8 июли бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ва сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб майори адлия Олимзода Мансур Абдухолиқ бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид.
Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ба сухан баромада, доир ба масъалаҳои таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, пешгирии экстремизм ва терроризм, муқовимат бо коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрам изҳори назар намуданд.
Сипас сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб майори адлия Олимзода Мансур Абдухолиқ дар баробари дигар масъалаҳои доғи рӯз аз рафти амалишавии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030» маълумот дод.
Иброз гардид, ки бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза ба коррупсия ҳадафҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуданд. Қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030» яке аз онҳосст, ки он метавонад дар решакан намудани ин падидаи номатлуб заминаи мусоид гузорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло низ дар баъзан ташкилоту муассисаҳо ва фаъолияти рӯзмараи сокинон амалҳои хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии мубориза бо коррупсия» ба мушоҳида мерасад.
Дар охир аз фаъолон ва иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал бароварда шуд, ки баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо коррупсия чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.