Рӯзи  28-июни соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум баргузор шуд. Дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимашаванда роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шӯъбаҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал, директорони муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, раисони маҳаллаҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, эмомхатиби масҷиди ҷомеаи марказӣ ва панҷвақта иштирок доштанд. Инчунин дар кори иҷлосия ваколатдори намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, прокурори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, мушовири адлияи дараҷаи 1 — Холиқзода Абдулфайз Ғаффор иштирок дошт.
Дар иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди барасӣ қарор гирифтанд:
1. Ахбори Комиссияи ноҳиявии интихоботи такрорӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар ҳавзаҳои интихоботии №6,8 ва тасдиқ намудани ваколати вакилон;
2. Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 29 июли соли 2021, №419 «Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 13 июли соли 2021,№207 «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021,№187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ноҳия ;
3. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, оид ба қонуният, ҳуқуқи инсон ва тартиботи ҳуқуқӣ;
4. Масъалаҳои ҷорӣ
Аз рӯи мамъалаи якум ҳисоботи раиси Комиссияи интихоботӣ Давлатзода Баҳодур шунида шуда, ваколати вакилон дар ҳавзаҳои интихоботии Даҳбед рақами 6 ва Доғистон рақами 8 тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи дуюм роҷеъ ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021 рақами 187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин баромад намуда, иҷрои Стратегияи мазкурро дар ноҳия мавриди таҳлил қарор доданд. Сипас аз рӯи масъалаи дуюм вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ғоибзода Насимҷон, инчунин сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол, сардори шуъбаи амният Назокатов Пайрав ба музокира баромада, фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.