Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ҳаракатҳои терроризму экстремизм, ҳамчун як падидаи номатлуб ба ташвиш овардааст. Терроризм бо суръат авҷ гирифта, оламро бо хатари бузург таҳдид менамояд. Зеро таввасути ин моҷаро ҳар рӯз ҳазорон нафар занону кӯдакон ва ҷавонмардон ба ҳалокат расида, ҳазорон нафари дигар ятиму бефарзанд, бевазану бечора, бехонаву гурусна ва ночору бемор мемонанд. Ин падидаи хатарнок ҳамчун вабои аср ба як қатор мамлакатҳо паҳн гашта истодааст, бахусус ба кишварҳои мусулмонии шарқӣ-Либия Сурия, Ироқ, Миср, Покистон ва Афғонистон ворид гашта, миллионҳо нафар одамонро ба коми марг бурдааст. Ҳар рӯз даҳҳо амали терористӣ дар ҷаҳон рух дода, одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасад ва даҳҳо ободиҳои тӯли садсолаҳо татбиқшуда дар муддати кӯтоҳ ба хок яксон мешавад. Саркардаҳои ин моҷаро ба мафкура ва ҳиссиёти одамон бо идеологияҳои гуногун дохил шуда, инсонҳоро гумроҳу гунаҳкор ва ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳи терористӣ омода мекунанд. Асосан аз идеологияҳои динӣ-мазҳабӣ истифода карда, мардумро ба гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои мухолифин ҷудо намуда, фитнаро дар байн онҳо гузошта, ба задухурдҳои хунини золимона бармеандозанд, ки натиҷи он маълум, ҳамчун доғи ҷомеа тӯли садсолаҳо байни онҳо ҷангҳои қасосгирӣ авҷ мегирад.
Дар баробари тараққиёти босуръати техникаю технологияи ҳозиразамон, яъне лавозимоти ҷангӣ-атомобилҳои зиреҳпӯш, ҳавопаймоҳои бесарнишин, яроқҳои ҷангии махсус, маводҳои тарканда-бобаи атомӣ, либосҳои махсуси ҷангӣ, шабакаҳои иттилоотии интернетӣ ва ғайра моҷарои терроризм низ мутаассифона босуръат паҳн гашта, аз ин рушти ақли инсонӣ хуб истифода бурда, инсонҳоро ба коми марг мебаранд. Мамлакатҳои абарқудрат дар нуқтаҳои ҷангӣ, бо баҳонаи нест кардани терористон техникаҳои ҷангии навистеҳсолшудаи худро озмоиш намуда, ҳазорон нафари дигарро ба ҳалокат мерасонанд.
Ин вабои аср махсусан ба болои ҷомеаи исломӣ доман паҳн карда, ҳамаи мардуми мусулмониро ба ташвиш овардааст. Дини мубини ислом ҳамчуни дини яктопарастӣ, поку беолоиш ва бузург дар сайёра маълуму машҳур буда, қисми зиёди аҳолии сайёра ба он пайравӣ мекунанд. Ин дини ахлоқӣ дорои рукнҳои адолатонаи инсонӣ ва мазҳабу ҷараёнҳои ба худ хос мебошад, ки аз пайдоиш то ҳол аҳолии сайёраро ҳамчун муъҷиза ба ҳайрат овардааст. Маҳз саркардаҳои ҳаракатҳои террористӣ аз ин дини покиза ва ахлоқӣ суистифода карда, дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, бахусус минтақаҳои мусулмонӣ амалҳои терористиро роҳандозӣ намуда, бо кушторҳои бераҳмона ҳазорон тан одамони бегуноҳро мубталои марг ва оҷизу нотавон мекунанд. Масалан ин бадсириштон аз симоҳои фарҳанги мусулмонӣ, номҳои исломӣ, гуфторҳо, нишонаҳо, барномаҳо ва ҷумлаҳои исломӣ истифода бурда, диққати аҳолии мусулмониро ҷалб менамоянд ва мардумро ба доми амалҳои терористӣ ҳамроҳ карда, гуруҳҳои гуногуни мухолифинро созмон медиҳанд. Сипас байни онҳо фитнаро андохта, амалҳои даҳшатноки терористӣ амалӣ карда, пурра аз номи мусулмонон баромад мекунанд. Бо ин амалҳо шаъну шарафи мусулмононро дар миқёси олам паст карда, кушиш кардаистодаанд, ки эътиқод нисбат ба ин дини ҳақ коҳиш ёбад ва аҳолии зиёд ба қатл расад.
Айни ҳол талош бар он доранд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ошӯбҳои иттилоотӣ, бархӯрди идеалогияҳо, тамадунҳо ва косташавии ахлоқи инсониро ба миён оварда, ҷанги иттилоотиро то рафт пурзур карда, боз амалҳои дигари терористӣ ва экстремистиро амалӣ намоянд.
Истилоҳи террор аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ мазмунан маънои тарс, даҳшат, ҳаросро дорад. Дар байни коршиносон оид ба замони пайдоиши терроризм гуногунақидагӣ ҷой дорад. Пайдоиши терроризмро аз давраи қадим марбут медонанд. Экстремизм аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амали тундравона, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравист. Ин амал метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон — дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш низ ба миён оянд.
Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин ва идеалогияҳои гуногун реша медавонад ва дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад.
Яке аз сабабҳои шомил шудани одамон, махсусан ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ё ба истилоҳ ифротгарорӣ ин дур шудан аз маърифату маданият, надоштани дониши кофӣ, ҷаҳонбинии васеъ, фаҳмиши адолати инсонӣ, ахлоқи инсонӣ, фаҳмиши таърихӣ ва гуманистӣ, касби дӯстдошта, идеалогияи ягонаи мустаҳкам ва ба қадри ҳаёти одамон-модарон, падарон, хоҳарон, бародарон, ятимон, бефарзанду бевазанон, заҳмати бузургон, ободиҳои пурарзиш, сулҳу ваҳдат нарасидан, инчунин идеалогияи диниро ва техникаю технологияи навинро устувор надонистан, таҳлилгар набудан мебошанд.
Моро мебояд ҳарчӣ бештар барои монеъшавӣ ба ин зуҳуроти хатарнок ба илму маърифат ва инноватсия рӯ оварда, ба насли наврас ва ҷавонон таълиму тарбияи хубу мустаҳкамро роҳандозӣ карда, онҳоро ба ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, адолатпарварӣ, ахлоқпарастӣ, ихтироъкорӣ, навҷӯӣ ва рушди босуръати илмӣ-ақлӣ водор намуда, амалҳои ифротгароӣ ва зиреҳпӯшро чун кирдори ба ҷомеаи башар бадтарин омӯзонида, ҳамчун инсони комил омода намоем. То ин ки ба ҳеҷ гуна гурӯҳи ифротгароӣ пайгирӣ накунанд.
Ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот садҳо конференсияҳо ва ҷамъомадҳои байналмилалӣ гузаронида шудаистодааст. Ҳатто дар ташкилоти байналмимлаии СММ даҳҳо маротиба барои матраҳи ин масъалаҳо ҷаласаҳо гузаронида, шудааст. Бояд қайд намуд, ки чандин маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласаҳои умумиҷаҳонӣ оиди ин моҷаро баромад карда, бо таъкид иброз намуданд, ки дини мубини ислом поку беолоиш буда, амалҳои террористӣ ба он ҳеҷ марбуте надорад, танҳо зиреҳ истифода шудаистодааст, мо низ узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза мебарем. Аз ин хотир Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”-ро тасдиқ кард, ки дар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвари соҳибистиқлоламон, аз он ҷумла ҷавонон бояд хизмати бузургони миллат, арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлоли ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.
Авезов Раҷаббек Ҳасанович