Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриямон, ки орзуву ормони ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб мерафт, бо дасисабозию найрангбозии хоинони миллат дар ҷумҳурӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки бар асари он ҳазорон нафар шаҳрвандон қурбони бозиҳои пасипардагии ин гуруҳи манфиатҷу гардида, ҳазорон кӯдак ятим ятим монд. Ин гуруҳ ба ҷузъ ба даст овардан ва амалӣ гардонидани манфиятҳои шахсию гуруҳӣ дигар мақсад надоштанд. Ҳатто барои расидан ба ваҳдати саросарӣ бо ҳар роҳ монеа мешуданд. Ва дар баробари ин садҳо олимону равшанфикрони кишвар аз тарафи ин гуруҳи ҷиноятпеша қатл карда шуданд. Баъди ба имзо расонидани созишномаи умумии истқлоли сулҳ ва ризоияти миллӣ ин гуруҳи ҷиноятпеша ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Ва иддае аз он дар кишар монду бархе аз шармандагӣ тарки кишвар намуданд. Имруз низ ин ашхоси ҷиноятпеша гурӯҳи худро созмон додаву аз пайи амалҳои нопоки худ ҳастанд. Баргузори ҷаласаву интихоби раёсати ин созмони террористӣ ва нобоварӣ аз ҳамдигар бори дигар собит месозад, ки ин афрод чун Муҳиддин Кабирӣ ва Муҳаммадиқболи Садриддин ба ғайр аз манфиатҳои шахсӣ ва ноором сохтани вазъ дигар мақсад надоранд. Зеро онҳо ва даҳо амаслаконашон дур аз Ватан хоҳони давом додани он амалҳои нопоки солҳои 90- ум буда, дар пайи ноором сохтани вазъи имрузаи кишвар мебошанд. Ҳол он бехабар аз онанд, ки ҷавонони имрӯз мардуми солҳои 90- ум нестанд. Ва танро аминро бояд гуфт, ки бадзод ҳамавақт бадзот аст ва аз ин тоифа одамон умеди хайре намудан хатост. Гуё шоире барои ин афрод гуфта бошад.
Марав дунболи ҳар нокас, машав ҳамфикри ҳар чоҳил,
Ки инро оқибат чоҳ аст, ки онро оқибат пой гил
Ҳазар з- он ишқи бе бунёд, ки чун коло фурушандаш
Ҳазорон хайф бошад пеши пояш порахои дил
Агар чи захм андак хаст, бичу зуд роҳи дармонаш
Ки дард болои дард ояд, табибро чанд шавад мушкил
Наясти марди хирман аз куҷо дони раҳи туфон
Ба дасти бод хоҳи дод, ҳар як донаи ҳосил
Сари хоре гуле пайванд гардад, решааш хораст
Чу бадзот гар ба хун ояд, намегардад туро ҳамдил.
Фаридун Раҳмониён