Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ баргузор гардида истодааст. Чунин як чорабинӣ рӯзи 30-юми майи соли 2025 бо иштироки муовини
якуми раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Абдуллозода Ҷалолхон дар кӯдакистони рақами 1-и ноҳия гузаронида шуд. Сараввал муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон тарбиягирандагони кӯдакистонро ба рӯзи идашон табрику шодбош намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Набояд фаромӯш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кӯдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии онҳо фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба кӯдак лозим аст. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо — омӯзгорон ва падару модарон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кӯдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ӯро бояд дар рӯҳи ватанпарварӣ, миллатпарварӣ, сулҳдӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқу рафтори неку ҳамида тарбия намоем.
Дар охир аз тарафи муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон ба тарбиягирандагони кӯдакистон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, ҳамчунин ба онҳо дастархони идона ороста шуд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз дар маркази тавонбахшии ноҳия бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Муслиҳиддин ва масъулини соҳаи тандурустии ноҳия иштирок намуданд. Зимни суханронии худ Маҳмудзода Муслиҳиддин ҳозиринро ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон табрику шодбош намуда, аз дастгириҳои давлату ҳукумат дар самти дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар гардиданд.
Дар охир ба ҳамаи тарбиягирандагони маркази тавонбахшии ноҳия туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дастрас гардонида шуданд.