28 майи соли 2025 дар қисми ҳарбии 0342-и Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии кишвар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, раиси суди ноҳия Иброҳимзода Дурандеш, прокурори ноҳия Холиқзода Абдулфайз, сардори шуъбаи амният Назокатов Пайрав, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойсода Сафаралӣ Хол ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.

Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни суханронии худ таъкид дошт, ки қӯшунҳои сарҳадӣ яке аз сохторҳои муҳим ва асосии таъмини амният ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба шумор рафта, кормандону афсарони он дар сарҳади ҷанубии кишвар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва зиракии сиёсӣ адои вазифа менамоянд.

 Сарҳадбонӣ ифтихор ва масъулияти бузург аст. Шумо – муҳофизони марзу буми Ватан, бо ҳиммату фидокорӣ амнияти мардуми моро таъмин менамоед ва дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоред, — изҳор дошт раиси ноҳия.

 Дар ҳамин радиф маросими савгандёдкунии сарбозони қисми ҳарбии мазкур, ки нав ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат шомил гардиданд, баргузор гардида, намоиши машқҳои тактикии сарбозон ба чорабинӣ ҳусни дигар заҳм намуд.

Ҳамчунин дар доираи ин чорабинӣ як қатор сарбозон ва афсарони фаъоли қисми ҳарбӣ бо медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳои Раёсати қисми ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом ҳамчун нишонаи қадрдонӣ аз хизмати содиқона ва ҷасорати онҳо баҳогузорӣ гардид.

Чорабинӣ бо барномаи таҳия намудаи аҳли фарҳанги ноҳия ба анҷом расид.