Рӯзи 19 майи соли 2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 17 май исоли 2025 дар ноҳияи Данғара бо роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода буданд, зери роҳбарии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Холиқзода Абдулфайз, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоб майори адлия Олимзода Мансур дар Ҷамоати деҳоти Доғистон мулоқоти судманд вобаста ба масъалаҳои истифодаи ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ, кам кардани талафоти он ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқи истифодашуда, инчунин татбиқи сиёсати зидикоррупсионии мамлакат баргузор гардид.

Мақсади асосии чорабинӣ татбиқи самараноки сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи мақсадноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини пурраи аҳолӣ бо неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва фаҳмондани муҳтавои тағйиру иловаҳои воридшуда ба “Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир ба ин самтҳо арзёбӣ гардид.

Нахуст, раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин суханронӣ намуда, аз ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти назорати истифодаи оқилонаи неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо ва таҳкими низоми ҳисоббаробаркунӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти саноат ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба неруи барқ, масъалаи захира ва сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ аҳамияти махсус касб намудааст. Имрӯз дар аксари давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи истифодаи самараноки энергия дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикӣ, бо вуҷуди мавҷуд будани баъзе мушкилот, самаранок амалӣ шуда истодааст. Вале татбиқи пурраи он танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки тамоми ниҳодҳои дахлдор ва худи ҷомеа масъулиятшиносӣ нишон дода, дар риояи қонунгузорӣ саҳми худро гузоранд.

Дар ин замина Холиқзода Абдулфайз, прокурори ноҳия доир ба тағйироту иловаҳои воридгардида ба кодексҳои ҳуқуқӣ ишора намуда, қайд кард, ки аз ин ба баъд шахсоне, ки ба дасткории ҳисобкунакҳо, пайвастҳои ғайриқонунӣ ё дуздии барқ роҳ медиҳанд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳатто ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Бо вуҷуди сахттар гардидани чораҳои ҳуқуқӣ, таъкид шуд, ки фақат бо ҷазо масъала пурра ҳал намешавад. Аз ин рӯ, таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву энергетикӣ, махсусан миёни истифодабарандагони калонҳаҷм ва аҳолии деҳот, яке аз роҳҳои муҳими пешгирии чунин амалҳо арзёбӣ гардид. (Тағийротҳои ба кодексҳои болозикр оварда шуда пурра хонда шуда, ба саҳми ҳозирин расонида шуд).

Зимнан сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кулоб, майори адлия Олимзода Мансур доир ба масъалаи мазкур изҳори назар намуда, таъкид доштанд, ки яке аз мушкилоти асосие, ки ба фаъолияти самараноки низоми энергетикӣ халал мерасонад, истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ ба ҳисоб меравад. Зеро омилҳои мазкур ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии амалҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад. Номбура аз сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат ёдовар шуда, мардумро ба меҳнати ҳалолу корҳои хайру созандагӣ ҳидоят намуд.

Дар охир байни меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда табодули афкор сурат гирифта, шаҳрвандон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.