Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо мақсади шарҳу тавзеҳи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрии сарнозири шуъбаи муқовимат бо корпупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб майори адлия Олимзода Мансур бо аҳолии Ҷамоати деҳоти Теҳрай баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни паёми навбатиашон ироа намуда буданд, инчунин рафти амалишавии Барномаву Стратегияҳои давлатӣ изҳори андеша намуданд.
Сипас сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Олимзода Мансур вобаста ба сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин роҳҳо ва усулҳои паст кардани шиддати коррупсия баромадҳои пурмаҳтаво намуд.
Қайд гардид, ки Коррупсия, дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа, бахусус мафкураи инсоният, таъсири манфӣ мерасонад. Дар шароити имрӯза пайдо кардани кишварҳои озод аз амалҳои коррупсионӣ қариб ғайриимкон гашта, ин падидаи номатлуб хусусияти умумибашариро касб карда, ҳамчунин мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои дахлдори соҳа нест, балки ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки барои мубориза бар зидди ин падидаи ношоиста дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ваколатдори соҳа ҳиссагузор бошад.