Рӯзи 12 майи соли 2025 дар муассисаи таълимии №8-и ноҳия бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 таҳти рақами АП-709, қарори Раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2025 таҳти рақами 18 ва қарори Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 3 марти соли 2025 №100 маросими ифтитоҳи даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз ёфт, ки дар он зиёда 400 нафар довталабон ширкат меварзанд.

Дар рафти кушодашавии даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мовини Раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, и.в мудири бахши Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Қурбонова Фарзона, мутахасиси шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кӯлоб Абдуллоев Исматулло, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодур, ҳайати комиссияи ноҳиявии озмун иштирок намуданд.

Баҳри ҷараёни шафофи рафти озмун, ҳайати ҳакамон аз кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорони пуртаҷриба ва мутахассисони соҳаи маориф интихоб гардида ба донишу малака ва маоҳоратӣ хонандагон аз рӯи маводҳои аз бар намудаи онҳо баҳо хоҳанд дод.

Халки тоҷик аз шумори он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хосса дорад. Ҳоло дар кишвари азизамон сафи китобхонҳову китобдӯсторон афзуда истодааст. Ҳамасола бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ташкил ва баргузор карда мешавад, ки боз ҳам таваҷҷуҳи аҳолиро ба китобхонӣ бештар равона менамояд.

Бояд гуфт, ки давоми 6 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маблағи «Шоҳҷоиза»-и он 50 ҳазор сомонӣ зиёд шуд, яъне он аз 20 ҳазор сомонӣ ба 70 ҳазор сомонӣ зиёд гардонида шуд. Имсол бо дастури сарпарасти озмун-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотпулӣ 100 фоиз зиёд гардид.

Озмун аз рӯи чор номинатсия — адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ; адабиёти классикии тоҷик; адабиёти муосири тоҷик; адабиёти ҷаҳон баргузор гардида, ҳадафи асосии он бедор сохтани шавқу завқи китобхонӣ, таҳкими асосҳои маънавӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ғании адабии миллӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқ гардида баргузории даври ноҳиявии озмун 3-рӯз идома ёфта, дар он доварон сатҳи дониш, қобилияти таҳлил ва фаҳмиши амиқи адабии иштирокчиёнро ба таври ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд. Ғолибон пас аз ҷамъбасти натиҷаҳо ба даври вилоятии озмун роҳхат мегиранд.