Санаи 24-уми апрели соли равон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зери роҳбарии муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон бо усули «Деҳа ба деҳа» дар Ҷамоати деҳоти Саричашма бо сокинон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ташкили вохӯриҳои мазкур бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон, ҷинояткорӣ, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба экстремизму терроризм, ҷалби падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд, ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи сеюми таҳсилот, фаҳмонидани муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мебошад.