17 апрели соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия таҳти раисии Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Абдухолиқзода Абдулфайз ва аъзоёни Шӯрои сардорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ, намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинбудаи РКДАМ дар вилояти Хатлон ва сардори нозироти андози ноҳия Сафаралиев Хуҷавалӣ баргузор гардид, ки дар ин ҷаласа муовини раиси ноҳия, Ғоибзода Насимҷон ширкат варзиданд.
Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар ҷаласаи худ натиҷаи таҳлил ва ҷамбасти ҳолати иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти мақомотҳои марбутаи ноҳия мавриди баррасӣ қарор дод.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи зикршуда ба ҷаласаи Шӯро ҳамаи фаъолони ноҳия, аз ҷумла роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, роҳбарияти муассисаҳои тандурустии ноҳия, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта иштирок намуданд.
Доир ба рӯзномаи ҷаласа, маърузаи раиси Шӯро прокурори ноҳия Абдухолиқзода Абдулфайз шунида шуда, номбурда ба ҳозирин доир ба иҷрои қонунҳои мазкур ва дар ин васила пешгирии экстремизму терроризм, хурофотпарастӣ ва дигар масъалаҳои мубрам маълумоти муфассал манзур намуд.
Дар робита ба масъалаҳои муҳокимашаванда сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва намояндаи шуъбаи дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳинбудаи РКДАМҶТ дар вилояти Хатлон баромад намуда вазъи амалишавии қонунҳои мазкур ва дигар масъалаҳои муҳимро дар ноҳия мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар охир Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия прокурори ноҳия Абдухолиқзода Абдулфайз масъаларо ҷамъбаст намуда, қайд намуд, ки доир ба масъалаи баррасигашта қарорҳои дахлдори Шӯро қабул карда шуда, барои таъмини иҷроиш ва аъзоёни Шӯро ва дигар мақомоти дахлдор ирсол карда хоҳад шуд.