Имрӯз, 23-уми марти соли 2025 дар доираи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Ҳоҷидараи Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардори департаменти истеҳсоли маҳсулоти алюминии ширкати алюминии тоҷик Шоҳиюн Юсуф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори муассисаи хоҷагии давлатии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб Бобоёрзода Бобоёр бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони иншооти мазкур бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тибқи лоиҳа бинои муассисаи таълимӣ ду ошёна буда, иборат аз 6 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки шумораи хоҷагии деҳаи Ҳоҷидара наздики 50 хоҷагиро ташкил дода, муасмисаи таълимии дар он фаъолиятдошта бо сабаби солҳои зиёд хизматрасонӣ намудан корношоям гардида буд, ки дар азхудкунии таълими хонандагон мушкилӣ пеш меовард.
Зимни ифтитоҳи бино раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ва ҳайати меҳмонон бо омӯзгорону хонандагони муассиса вохӯрии судманд доир намуда, ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.