Имрӯз, 23 марти соли 2025 дар мавзеҳи хушманзараи Ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сардори департаменти истеҳсоли маҳсулоти алюминии Ширкати Алюмини тоҷик Шоҳиён Юсуф, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб Бобоёрзода Бобоёр, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, аҳли ҷамоатчигии ноҳия ва ҷамъи меҳмонон иштирок доштанд.
Нахуст, раиси ноҳия ва гурӯҳи меҳмонон аз намоиши дастовардҳо ва дастархони идонаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, ки таҷассумкунандаи суннату анъанаҳои Наврӯзи ҳуҷастапай буданд, дидан намуданд.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоҳин-МС», инчунин бахши сабти асҳоди ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба 16 нафар ятимони кул ва 20 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди Ҷамоати деҳоти Даштиҷум, кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Сипас, қисмати тантанавии чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз оғоз гардида, раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин бо сухани табрикотӣ ҳозиринро табрику таҳният гуфт.
Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардан зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ ва зинда нигоҳ доштани суннатҳои қадимаи ниёгон тамоми чораҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуданд. Таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалиро касб намудани ин ҷашни бостонӣ ва эътироф гардидани Тоҷикистони азиз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мутамаддин аз иқдомҳои ватанпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ башорат медиҳад.
Ҳамчунин, намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Шоҳиён Юсуф аҳли ҳозирин ва тамоми мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро ба ҷашни иди Наврӯзи хуҷастапай табрику шодбош гуфт. Қайд карда шуд, ки дастовардҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз Наврӯзи гузашта то ба Наврӯзи имсол бори дигар собит месозад, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун ноҳияи куҳистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ру ба пешравию шукуфоӣ дорад.
Барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги ноҳия бо иштироки беҳтарин ҳунармандони ҷумҳурӣ ба чорабинӣ ҳусни дигарро зам намуд.