Рӯзи 20 Ммарти соли 2025 дар асоси нақшаи кории шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб оид ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки рӯзи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, вохӯрии намояндагони ин ниҳод зери роҳбарии сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб майори адлия Олимзода Мансур Абдухолиқ бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид.

Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ба сухан баромада, роҷеъ ба Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳори андеша намуданд.

Зикр карда шуд, ки дар воқеъ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳамасола ироа мегардад, дар рушди бонизоми иқтисодии мамлакат, таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони кишвар заминаиимусоидро фароҳам меоварад (самтҳои асосии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат) ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Сипас сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мвйори адлия Олимзода Мансур Абдухолиқ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Президенти кишвар ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба мақомотҳои марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода буданд, изҳори андеша намуда, тамоми масъалаҳои дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидро ба риштаи таҳлил кашиданд.

Ҳамчунин номбурда аз рафти амалишавии «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030» маълумот дод.

Иброз гардид, ки бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза ба коррупсия ҳадафҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуданд. Қабули Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2030» яке аз онҳосст, ки он метавонад дар решакан намудани ин падидаи номатлуб заминаи мусоид гузорад.

    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло низ дар баъзан ташкилоту муассисаҳо ва фаъолияти рӯзмараи сокинон амалҳои хилофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии мубориза бо коррупсия» ба мушоҳида мерасад.

Дар охир аз фаъолон ва иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба амал бароварда шуд, ки баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд.