Имрӯз 13 марти соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халхи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

     Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия,мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, директорони марказ ва бунгоҳҳои тиббӣ, директорони клубу китобхонаҳои деҳотӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони хоҷагиҳои ҷамоавӣ, раисони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати фарҳанги вилоят Зокирзода Раҳмон иштирок доштанд.

    Иҷлосия аз руи ҳашт масъала:

      1. Ахбори Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба натиҷаи интихоботии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум.

      2. Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум.

      3. Дар бораи таъсис додани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум.

      4. Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати ҳафтум.

      5. Дар бораи тасдиқ намудани ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум.

      6. Дар бораи пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

       7. Дар бораи интихоби намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои иштирок дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

       8. таъиноти кадрӣ баргузор гардид.

Зимни баррасии мамъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.

  Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ба вакилони тозаинтихоб, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани чорабиниҳои дар пеш истода аз ҷумла, таҷдили боҳукуҳи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, дар арафаи моҳи шарифи рамазон дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қуввмҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди экстремизму терроризм, пешгирии хурофотпарастӣ дар бақни ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрам дастуру супоришҳои мушаххас доданд.