Имрӯз 4 феврали соли 2025 дар деҳаҳои Ёл ва Саримағзори Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бо гурӯҳи кории Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади расонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагон бо вохӯрӣ доир гардид.
Сараввал раиси ноҳия аз рафти таълим ва таҳсили Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Ёл дидан намуданд. Зимни сӯҳбат бо хатмкунандагони муассиса Гулзода Зафар Шамсуддин оиди таълими дуруст, сатҳу сифати хониш, донистани забонҳои хориҷӣ ва интихоби дурусти касб дар оянда ибрози андеша намуда, ба онҳо хониши хубу аъло дар рафти таҳсил таманно намуданд.
Дар давоми вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ба сухан баромада, қайд намуданд, ки рӯзи 28-декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат иро гардид.
Аз ин рӯ, бо мақсади ба коллективҳои меҳнатӣ ва ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ расонидани муҳтавои паёми навбатии Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо гурӯҳҳои корӣ дар асоси нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чунин вохӯриҳоро баргузор гардида истодаанд.
Дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии кишвар, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин қарор доштани инсоният таъкид гардид. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлатро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ, тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
Ҳамчунин мавсуф роҷеъ ба масъалаҳои занону ҷавонон, фарҳану маориф, тандурустиву сайёҳӣ, кишоварзиву саноат, соҳибкориву энергетика ва дигар масъалаҳои мубрам, ки дар Паёми нпвбатии Пешвои миллат мавриди таҳлил қарор гирифтанд, ёдовар шуда, аҳли ҷамоатчигиро бо меҳнати ҳалолу фидокорона ҳидоят намуданд.
Дар баробари ин таъкид намуданд, ки ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем.
Қайд шуд, ки моро мебояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсии хешро аз даст надода, аз ҷумла доир ба масъалаҳои марбут ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби ифротгаро, терроризму экстремизм, садди роҳи ҷудошавии оилаҳои ҷавон диққати зарурӣ дода, баҳри бартараф намудани чунин мушкилотҳо сарҷамъона талош намоем.