Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода буданд, рӯзи 28 январи соли 2025 вохӯрии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Саричашма ва Чагами ноҳия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия аз Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ёдовар гардида, зикр намуданд, ки паёми ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун роҳнамо барои ҳар шаҳрванди кишвар маҳсуб ёфта, дар пешрафти зиндагии шоистаи сокинон заминаи мусоид фароҳам ба бор меорад. Зеро дар он тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайяну мушаххас карда мешавад. Дар робита ба ин ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадоранд, барои таъмини саривақтии онҳо аз ҳар вақта дида кӯшиш ба харҷ диҳад.
Дар баробари ин раиси ноҳия бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, тақвият додани корҳои бунёдкорию созандагӣ, амалӣ намудани ҳадафи чоруми мамлакат саноатикунонии мамлакт ва дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси миллӣ 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.