Рӯзи 23 январи соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Бобоёрзода Бобоёр, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, фаъолон ва беш аз дусад нафар сокинони маҳаллаҳои Навобод, Себдара, Роғиён, Шӯрообод ва Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Теҳрай иштирок намуданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни суханронии худ аҳамияти муҳими Паёмро ҳамчун санади раҳнамо барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар таъкид намуда, муҳимтарин самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишварро шарҳ дод. Ӯ зикр кард, ки дар Паём Пешвои миллат ба рушди соҳаҳои саноату энергетика, маориф, тандурустӣ, иқтисод, амнияти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии силояти Хатлон Бобоёрзода Бобоёр дар баромади худ нақши ҷомеаи шаҳрвандиро дар тарғибу ташвиқи ғояҳои Пешвои миллат ва ташаккули маърифати сиёсии ҷомеа таъкид намуд. Ӯ афзуд, ки Паём барои ҳар як шаҳрванд роҳнамои амали созанда ба ҳисоб меравад.