Тайи чанд соли охир аст, маҳз зери сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар кишвари азизамон озмунҳои шаҳр, ноҳия, ҷамоат, деҳа, куча ва хонаи беҳтарин гузаронида мешавад.

Рӯзи 13- январи соли 2025 дар маросими ҷамъбастии даври вилоятии озмунҳои мазкур, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид деҳаи ДЕВДОРИ Ҷамоати деҳоти Теҳрайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сазовори ҷойи 2-юм аз рӯи номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» дониста шуда , бо Дипломи дараҷи 2 дар соли 2024 сарфарз гардонида шуд.