Рӯзи 14-уми ноябри соли 2024 дар Қасри фарҳанги нтҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии бошукуҳ ва рангини ҳунарӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст меҳмонону иштирокчиён аз намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шоирону адибони дохилу хориҷи мамлакат, ки доир ба корнамоиву ҷонисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод намудаанд, дидан намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни ироаи сухани табрикотӣ ҳозиринро ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зевари таърихномаи давлатдории навини миллат, падидаи сарнавиштсози замони истиқлол маҳсуб мешавад, табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст, ҳар як сокини озоду осудаи кишвар ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки ба 16 ноябр рост омадани ҷашни мубораки умумимиллӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ ба он дорад, ки маҳз 16 ноябри соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ иваз карда шуд.

Бо мақсади ҳифзи якпорчагии давлат ва баромадан аз буҳрони баамаломадаи сиёсӣ, дар он марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз, ки кишвари мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ амалан бо мақсади тақвияти ҳокимияти иҷроия, афзудани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми татбиқи қонунҳо, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардид.

Сипас, барномаи бошукуҳ ва рангини ҳунарии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуд.