Рӯзи 7 ноябри соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин зимни сухани табрикотӣ қайд намуданд, ки таҷлили имсолаи Рӯзи касбии кормандони мақомоти дохилии кишварамон дар лаҳзаҳое рост омадааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо як руҳу илҳоми тоза ва шукургузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар доираи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаанд.
Саҳифаҳои аввалини таърихи фаъолияти милитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондӯстиву ватандӯстиро дар бар мегирад.
Макқомоти коркҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таъмини оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хосса доранд. Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисер имтиҳону озмоишхҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон сахту вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштанд.
Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезу тунд гардидани вазъияти сиёсӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон талошҳои зиёд намуданд.
Ҳамчунин сардори шуъбаи Вазорати Корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, Тағойзода Сафаралӣ Хол ва прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараи 1 Абдухолиқзода Абдулфайз ба сухан баромада, ёдовар шуданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани яъсу ноумедӣ ва умуман бесуботии сиёсӣ, милитсия тоҷик аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматиашон сарпечӣ накарда, балки бо руҳияи баланд ва умед ба фардои неки кишвар баҳри пешгирӣ намудани нобасомониҳои замон, таъмин намудани суботи сиёсӣ ва ваҳдати комил дар кишвар ҷонбозиҳои бемисл нишон дод, ки ин хизмати онҳо дар назди халқу миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ зудуда нахоҳад шуд.
Аз ин хотир тантанаи рӯзи милитсия тантанаи тамоми мардуми кишварамон мебошад. Зеро кормандони он бо кирдору рафтори ватандӯстонаи худ дар дилу дидаи мардум ҷо гирифтаанд.
Дар давоми чорабинӣ ба як қатор кормандону собиқадорони соҳа, онҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ маъюб гардидаанд ва оилаи онҳое, ки ҳангоми вазифаи хизматӣ ба ҳалокат расидаанд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипоснома ва мукофотҳои молӣ қадрдонӣ гардонида шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия консерти идона баргузор шуда, хотири аҳли толорро шод намуданд.