5 ноябр дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ифтихори 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани ноҳиявӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Ҷамъомади мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин доир гардида, дар он роҳбарияти ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, низомиён ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, фаъолона иштирок карда, эҳтироми Конститутсияро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

 Роҳпаймоии идона дар фазои идона, бо шиору парчамҳо ва амсилаи Конститутсия дар дасти иштирокчиён доир гардида, онҳо бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии қабули “Бахтномаи миллат” муборакбодӣ мегуфтанд.

 Пас аз роҳпаймоии идона дар толори Қасри фарҳанги ноҳия қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид. Раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин зимни ироаи сухани табрикиаш бо ёдоварӣ аз таърихи қабули Конститутсия қайд намуд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва эълони Истиқлоли давлатии собиқ ҷумҳуриҳои шуравӣ, қабули Конститутсия ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз табдил ёфт. Зеро бе Конститутсияи нав, ки муайянкунандаи роҳи рушду такомули минбаъдаи ҷомеа мебошад, комёб шудан ба ин мақсад ғайриимкон буд.

 Бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуд ва ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

 Конститутсия забони тоҷикиро забони давлатӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон кард. Вобаста ба ин, донистани забон, омӯхтани таърих, эҳтиром гузоштан ва риояи меъёрҳои ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар як шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар аст. Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯйи ҷомеаи пешрафта, давлати рӯ ба рушд ва зиндагии ободу озод ҳамвор менамояд.

 Раиси ноҳия бо ишора ба шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ ва вусъат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, ки метавонад истиқлоли миллӣ ва амнияту ҷомеаи моро халалдор созад, гуфт, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, истиқлолу озодии кишвару миллатро ҳифз намоем, волоияти Конститутсия ва қонунҳои давлати худро таъмин кунем, саъю талоши худро ба хотири боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ равона сохта, Ватанамонро обод ва давлатамонро неруманду пешрафта гардонем.

 Ҳамоиши тантанавӣ бо дастагули суруду таронаҳои аҳли ҳунари ноҳия, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, фарҳангу тамаддуни ғановатманд ва сарзамини маҳбуб буд, идома ёфт.