Рӯзи 29 октябри соли 2024 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли мафати ҳуқуқӣ» вохӯрии прокурори вилояти Хатлон, мушовири адляи дараҷаи 1 Назарзода Авазҷон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид.
Мавсуф нахуст аҳли толор ва сокинони ноҳияро ба муносибати 30 солагии қабули бахтномаи миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, роҷеъ ба қабул ва тағироту иловаҳо ба Конститутсия ва нақши он дар бунёди давлати демократӣ изҳори назар намуданд. Зикр карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки халқи тоҷикро муттаҳид сохт ва тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон фоли неке барои пешрафти минбаъдаш буд. Он воқеъан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро ҳар вақте ки ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунем, бархурдод хоҳем шуд, ки он дар чӣ гуна вазъияти ҳассос таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Дар чунин вазъияти ҳассос қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсия худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад.
Сипас доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулия дар таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар қонунҳои амалкунанда андешаронӣ намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои дар ин самт мавҷудбуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.