Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даври ноҳиявии озмуни «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд боғи падару модар» ҷамбаст гардиданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди оила» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даври ноҳиявии «Хушдомани беҳтарин» ва «Фарзанд боғи падару модар» ҷамбаст гардиданд.
Дар озмунҳои мазкур оилаҳои намунавӣ аз ҳафт Ҷамоати деҳоти ноҳия иштирок намуданд
Иштирокчиёни озмун аз рӯи шартҳои: касбу ҳунаромӯзӣ чун омили таҳкиму пойдории оила, саҳми хушдоман дар сарфаю сариштакорӣ, сафарбар намудани фарзандон ба хизмати Модар Ватан, Иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, фардӣ, ободонии маҳал ва кӯча баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур ғолиб Назриева Сафармо аз Ҷамоати деҳоти Теҳрай дониста шуд.
Озмунҳои мазкур ба хотири ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳангу анъанаҳои миллӣ, пайдо намудани ҳунармандони асил, мустаҳкам гардонидани пояҳои оила ва муносибатҳои оилавӣ, гузаронида шуданд.