Дар майдони назди Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даври ноҳиявии Фестивали либоси миллӣ таҳти унвони “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон” бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳи доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон таъкид доштанд, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор меравад, ки дар тӯли қарнҳо зебогиашро гум накарда ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Хурсандиовар аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ зиёд гардидааст. Занону бонувони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин либосҳои миллиро аз матоъҳои атласу адрас ва чакану гулбаст ба бар намуда, барои ҳифз ва тарғиби онҳо саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар охири чопабинӣ ба як қатор фаъолзанони ноҳия бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд.

Мақсад аз баргузор намудани Фестивали вилоятии “Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳон” баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ, тарғиби либосҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.